Яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, экстремизм, терроризм ва дигар омилҳои номатлуби хатарнок ба ҳисоб меравад. Ин амалҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ташвишоваре мебошанд, ки аҳли башарро ба изтироб овардаанд. Махсусан, вожаҳои «терроризм» ва «ифротгароӣ» имрӯз ба мафҳумҳои доғи рӯз табдил ёфтаанд.

Ақидаҳои ифротӣ, гурӯҳҳои иртиҷоии динӣ ва созмонҳои террористӣ, чӣ дар як гӯша ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ метавонанд ба мавҷудияти давлатҳо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод намуда, ба раванди рушди ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Терроризм ва экстремизм ҳамчун омилҳои номатлуби замони муосир боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои нохуш гардида, дар бисёр ҳолатҳо ба таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ оварда мерасонанд.

Терроризм ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти миллӣ ва байналмилалӣ сарҳад надорад ва ба якчанд объект равона мегардад. Ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо сабаби нофаҳмиҳо ва задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои гуногуни олам гардидаанд, махсусан дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки пайваста роҳҳои самараноки пешгирӣ ва мубориза бо ин амалҳоро ҷустуҷӯ намояд.

Замони имрӯзаро мушкилоти гуногун таҳдид мекунанд, ки яке аз хатарноктарини онҳо маҳз терроризм ва экстремизм мебошад. Мафҳуми экстремизм ин фаъолияти ифротии шахсони ифротгаро мебошад, ки ба даъватҳои иғвоангез, тағйир додани сохти конститутсионӣ ва аз худ кардани салоҳиятҳои давлатӣ равона шудааст.

Қонуни мазкур амалҳои номатлуби чунин гурӯҳҳоро қатъиян маҳкум намуда, нисбат ба шахсони гунаҳкор чораҳои ҷазоӣ пешбинӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки ин амалҳои хатарнокро сарпарастӣ ва маблағгузорӣ намуда, барои густариши онҳо мусоидат мекунанд.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда шомил гардидани баъзе аз ҷавонон ва наврасон ба чунин гурӯҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин раванд боиси доғдор гардидани ном, шаъну шараф ва обрӯи миллат ва давлат мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор омилҳо, аз ҷумла таъсири манфии маводи электрониву видеоӣ, китобу рӯзномаҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, фаро гирифта нашудани наврасон ба таҳсилу фаъолият, инчунин иҷро нагардидани вазифаҳои тарбиявӣ аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии ноболиғон ба ҳаракатҳои экстремистӣ замина мегузоранд.

Дар чунин шароит, дастгирии ҳар як шахси бедордили ҷомеа, пеш аз ҳама падару модарон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок аҳамияти калон дорад. Гарчанде мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои қудратӣ мебошад, аммо саҳми ҷомеа ва махсусан оила низ дар ин самт хеле муҳим аст.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо дар тақвияти консепсияи миллии тарбия саҳми арзандаи худро гузорем ва ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.

Мутаассифона, душманони давлату миллати мо бо истифода аз эътиқоду арзишҳои динӣ ва дигар муқаддасот, онҳоро ба манфиатҳои моддӣ иваз намуда, дастурҳои сарпарастони хориҷиро иҷро мекунанд. Онҳо бо амалҳои иғвоангез ва суханони фитнаовар мехоҳанд оромии ҷомеаро халалдор созанд ва ақидаҳои носолимро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоянд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар яки мо зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем ва ба қадри неъматҳои бузурге чун истиқлолу озодӣ, сулҳу субот бирасем. Мо бояд шукргузор бошем, ки дар чунин ватани орому осуда зиндагӣ дорем ва барои ҳифзи он саҳми худро гузорем.

 

Муминзода Сабурҷон Маҳмад,

ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғурта