ТАШАККУЛИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаҳои об мавқеи фаъол дорад. Тақрибан 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, кишвар манфиатдор аст, ки масъалаҳои истифодаи одилона ва устувори об дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳаллу фасл гарданд.
Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, захираҳои солонаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ 293 миллиард метри мукаабро ташкил дода, ба ҳар сари аҳолӣ 6100 метри мукааб рост меояд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми миёнаи истифодаи оби тоза ба ҳар нафар аз 2000 метри мукааб дар Тоҷикистон то 4900 метри мукааб дар Туркманистонро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон 2,35 ҳазор м³, дар Қирғизистон 2,38 ҳазор м³ ва дар Узбекистон 3,42 ҳазор м³ мебошад. Гарчанде ин нишондиҳандаҳо нисбат ба баъзе минтақаҳои дигар паст бошанд ҳам, онҳо ҳатман маънои норасоии обро надоранд.
Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо сабаби он ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз кишварҳои нисбатан камзамин ба ҳисоб меравад. Ба ҳар сари аҳолӣ назар ба кишварҳои минтақа ду маротиба камтар замин рост меояд. Дар баробари ин, аҳолӣ босуръат афзоиш меёбад ва тибқи маълумоти охирин, шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба 10 миллион нафар расидааст. Ин ҳолат бешубҳа, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро тақозо мекунад.
Аз ин рӯ, ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти чунин вазъият вазифа ба миён гузошта мешавад, ки мутобиқи самтҳои асосии рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ мо бояд ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ ноил гардем. Агар ба масъалаи тақсимоти одилонаи захираҳои об ва бунёди оқилонаи обанборҳо дар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон муносибати дуруст зоҳир гардад, он гоҳ ягон кишвари минтақа камбудии обро эҳсос нахоҳад кард.
Маҳз бо назардошти ҳамин нуқтаи назар, бо иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар як қатор қарорҳо ва ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ амалӣ гардидаанд, ки ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об равона шудаанд.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 “Соли оби тоза” эълон гардид. Дар асоси ин ташаббус, дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
Сипас, бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Азбаски дар сатҳи ҷаҳон зиёда аз 240 дарёи фаромарзӣ мавҷуд буда, ҳудуди 145 давлат дар чунин ҳавзаҳо ҷойгир шудаанд (аз ҷумла, қаламрави 21 кишвар пурра), масъалаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об аҳамияти хосса касб мекунад. Бо назардошти ин, соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид.
Ҳамчунин, 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзо ташаббуси муҳими навбатии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, ки далели равшани эътирофи ҷаҳонии сиёсати обии кишвар мебошад.
Қ. ФАЙЗАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ
Тоҷ
Рус
Eng