НАҚШИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ ҲИРФАВӢ ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ
Дар марҳалаи муосир омӯзиши забони русӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ба сифати яке аз фанҳои муҳими таълимӣ дар омодасозии кадрҳои ҳирфаӣ мавқеи муҳим дорад. Дар шароити густариши фазои бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангии ҷаҳони муосир забони русӣ дар татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии забономӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми арзанда касб кардааст.
Дар шароити рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забони русиро хуб медонанд ва онро дар фаъолияти ҳамарӯза ва муоширати касбӣ самаранок истифода бурда метавонанд, меафзояд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати такмили шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байни забонҳо ва фарҳангҳо аҳаммияти хосса дорад.
Вазъи кунунии омӯзиши забони русиро дар ҷумҳурӣ метавон мусбат арзёбӣ кард. Ин раванд, пеш аз ҳама, дар густариши омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, такмили низоми таълим ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули шахсияти дорои салоҳияти забонӣ зоҳир мегардад. Дар ин замина, баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми низоми маориф ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин таъкидҳо аҳаммияти донистани забони русӣ, ошноӣ бо фарҳангу адабиёти ғании халқи рус, такмили пайвастаи дониш ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги нутқу одоби муоширатро бозгӯ мекунанд.
Мақоми забони русӣ ва омӯзиши он ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирад. Донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд ба ҳаёти мустақилона ва фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун мутахассиси соҳибкасб, дорои салоҳияти забонӣ, фарҳанги баланд ва ҷаҳонбинии васеъ омода гардад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавононе, ки дар шароити густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ва дигар равандҳои ҳамгироии байналмилалӣ метавонанд самаранок зиндагӣ ва фаъолият намоянд, аҳаммияти махсус дорад.
Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шароити мусоид барои таълим ва омӯзиши забони русӣ фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон, бояд ба рушди мустақилияти донишҷӯён, ташаккули малакаҳои худомӯзӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои эҷодӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷустуҷӯи роҳҳои муассир ва татбиқи шаклу усулҳои нави таълим мебошад. Дар ин раванд, ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаҳои марбут ба такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди забономӯзӣ аҳаммияти муҳим доранд. Татбиқи чунин барномаҳо бояд ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди салоҳиятҳои коммуникативии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намояд.
Барои донишҷӯёни гурӯҳҳои ғайрирусии факултаҳои иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ забони русӣ воситаи муошират, василаи муҳими дастрасӣ ба иттилооти илмӣ, адабиёти тахассусӣ ва таҷрибаи пешқадами касбӣ мебошад. Донистани ин забон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар фаъолияти илмӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, доираи ҷаҳонбинӣ ва имкониятҳои касбии худро васеъ намоянд.
Таълими самараноки забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан дар гурӯҳҳои ғайрирусӣ, бояд хусусияти касбӣ ва коммуникативӣ дошта бошад. Яъне, мазмуни таълим бояд на танҳо азхудкунии қоидаҳои забонӣ, балки ташаккули малакаҳои истифодаи амалии забонро дар вазъиятҳои гуногуни касбӣ фаро гирад. Барои татбиқи ин ҳадаф зарур аст, ки мазмуну мундариҷаи таълими забони русӣ пайваста такмил дода шуда, робитаи он бо фанҳои тахассусӣ тақвият ёбад.
Ҳамгироии таълими забони русӣ бо фанҳои тахассусӣ яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон мебошад. Истифодаи матнҳои соҳавӣ, маводи илмӣ, истилоҳоти касбӣ, муколамаҳои тахассусӣ ва супоришҳои амалии ба фаъолияти ояндаи донишҷӯён алоқаманд метавонад барои рушди салоҳияти касбии забонии онҳо заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар натиҷа, донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ мегиранд, балки малакаи истифодаи забони русиро дар фаъолияти воқеии касбӣ низ инкишоф медиҳанд.
Нуктаҳои зикршуда барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши забони русӣ ва дарки аҳаммияти амалии он мусоидат мекунанд. Дар ин раванд, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ, истифодаи усулҳои интерактивӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён нақши муҳим мебозанд. Муносибати мусбат ба омӯзиши забон метавонад эътимоди донишҷӯёнро ба қобилиятҳои худ тақвият бахшида, онҳоро ба мутолиаи адабиёти илмӣ, таълимӣ ва бадеӣ, ҷустуҷӯи иттилооти зарурӣ ва рушди пайвастаи донишҳои касбӣ ҳидоят намояд.
Ҳамин тариқ, забони русӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ на танҳо ҳамчун фанни таълимӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими рушди зеҳнӣ, такмили салоҳиятҳои касбӣ ва густариши имкониятҳои муоширати байналмилалии донишҷӯён аҳаммияти калон дорад. Аз ин рӯ, такмили пайвастаи методикаи таълими забони русӣ, тақвияти робитаи он бо фанҳои тахассусӣ ва истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ бояд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор равад. Танҳо дар ин сурат метавон мутахассисони соҳибкасб, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти истифодаи самараноки забонро дар шароити муосир омода намуд.
Ороста МАҲМУДОВА,
омӯзгори кафедраи забони русии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng