Ҳар сол 24 ноябр Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил мекунад. Ин танҳо санаи тақвим нест, балки моро водор мекунад, то андеша кунем, ки истиқлол, ягонагии миллат ва рамзҳои давлатӣ барои мо чӣ маъно доранд.

Парчами ҳозира 24 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд, дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тасдиқ шуд. Аз соли 2009 ин рӯз ҷашни расмӣ мебошад.

Парчам аз се рахи уфуқӣ иборат аст. Сурх - нишони ягонагии миллат ва садоқати мардум ба Ватан. Сафед - покӣ, нияти нек ва сулҳ; ҳамчунин ишора ба пахта («тиллои сафед») ва пиряхҳои кӯҳҳо. Сабз - рамзи табиат, баҳор ва умед ба фардо. Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгиранд: тоҷ ифодагари давлатдории тоҷикон, ҳафт ситора нишони камолот ва саодат аст.

Барои ҷавонон парчам на фақат се ранг, балки масъулият аст: дониш андӯхтан, касби замонавӣ ва забонҳои хориҷиро омӯхтан, бо меҳнати софдилона ба рушди кишвар саҳм гузоштан ва забону фарҳанги миллиро нигоҳ доштан. Ватан аз ҳар яки мо сар мешавад.

Ба ҳамаи ҳамватанон, дар Тоҷикистон ва берун аз он, ин ҷашнро табрик мегӯям. Бигзор осмони кишвар ҳамеша сокит бошад ва мардум дар ваҳдат зиндагӣ кунад.

Зинда бод парчами Тоҷикистон! Поянда бод, Тоҷикистони азиз!

 

Фотима АМИРОВА,

донишыӯи факултети ҳисобдорӣ ва омор, курси 1-и 0800 "В"