ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди кишвар азизу гиромӣ буда, рамзи озодӣ, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст. Он аз се рахи уфуқӣ иборат буда, рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз мебошад. Дар қисми миёнаи парчам тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва рамзи парчам маънои махсуси худро дорад.
Ранги сурх рамзи мубориза барои озодӣ, ҷасорат ва фидокорӣ мебошад. Ранги сафед покӣ, сулҳ, нияти нек ва бахту саодатро ифода мекунад. Ранги сабз бошад, рамзи табиати зебо, сарсабзӣ, ободонӣ ва зиндагии осоишта аст. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии миллати тоҷик буда, ҳафт ситора нишонаи бахту саодат ва ормонҳои неки мардум мебошад.
Парчами давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар мавқеи муҳим дорад. Он дар назди биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ парафшон мегардад. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои расмӣ, ҷашнҳои миллӣ ва мусобиқаҳои байналмиллалии варзишӣ парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлат ва миллати мо барафрохта мешавад.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро новобаста аз маҳалли зист ва касбу кори онҳо муттаҳид месозад. Дар зери ин парчам мо худро узви як давлат ва фарзандони як Ватан эҳсос менамоем.
Ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созанда вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо бояд ба қадри истиқлолият расем ва нагузорем, ки нофаҳмиҳо ва ихтилофҳо ба дӯстиву бародарии мардум халал расонанд.
Парчами миллӣ ба мо хотиррасон мекунад, ки ояндаи кишвар аз фаъолияти созанда ва масъулияти ҳамаи шаҳрвандон вобаста мебошад. Ҳар як кори нек, ҳар як дастоварди илмӣ ва ҳар як қадами созанда метавонад барои ободии Ватан саҳми арзанда гузорад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба рамзҳои давлатии кишвар эҳтиром гузорад. Парчами миллӣ муқаддасоти давлатист ва муносибат ба он бояд бо эҳтиром, масъулият ва ифтихор сурат гирад.
Мо бояд қоидаҳои истифодаи расмии парчамро риоя намоем, ба таърихи он арҷ гузорем ва дар байни насли наврас эҳтиром ба муқаддасоти миллиро тарбия кунем. Ҳамчунин, зарур аст, ки ҷавонон маънои рамзҳои давлатиро хуб донанд ва онҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳуввияти миллии худ эътироф намоянд.
Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, озодӣ, ваҳдат ва ифтихори миллии мост. Он моро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳисси муҳаббат ба Ватанро бедор мекунад. Бигзор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва дар зери он мардуми кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву бародарӣ ва хушбахтӣ зиндагӣ намоянд!
Т. МУСЛИХОВА,
н.и.и., дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ
Тоҷ
Рус
Eng