Таассуроти нахустини ман, вақте ки фаъолияти худро дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз кардам аз мушоҳидаи ҳамин Парчами парафшони он оғоз ёфт.

Баъзе манзараҳо дар хотираи инсон на танҳо ҳамчун тасвири зоҳирӣ, балки ҳамчун эҳсоси амиқ, андешаи созанда ва оғози як муносибати нав бо муҳити атроф боқӣ мемонанд. Барои ман яке аз чунин манзараҳо Парчами давлатии Тоҷикистон буд, ки дар саҳни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо шаҳомату ҳашамати хос парафшон аст.

Имсол, дар оғози соли нави хониш, вақте бори нахуст ба ин даргоҳи илму маърифат барои фаъолияти корӣ қадам гузоштам, нахустин чизе, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуд, ҳамин Парчами парафшон буд. Қомати устувор, баландӣ, зебоӣ ва ҷойгиршавии он дар саҳни донишгоҳ ба инсон эҳсоси ифтихору эҳтиромро бедор мекард. Ростӣ, чунин манзараро дар кам муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дидаам.

Дар он лаҳза, баробари эҳсоси зебоии муҳити донишгоҳ, саволе дар зеҳнам пайдо шуд: ин Парчами бошукӯҳ кай ва дар кадом шароит дар саҳни донишгоҳ насб гардида бошад? Таърихи он чӣ гуна аст ва кадом рӯйдоди муҳим ба ин рамзи ифтихории донишгоҳ пайванд дорад?

Ҷустуҷӯи посух ба ин суол маро ба рӯйдоди муҳими таърихи донишгоҳ - 20 декабри соли 2022, рӯзи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ, раҳнамун сохт.

Аз маъхазҳо вобаста ба ин рӯйдоди таърихӣ дарёфтам, ки ифтитоҳи иншооти нави таълимӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат барои донишгоҳ на танҳо марҳилаи муҳими рушди инфрасохтор, ҳамчунин таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли ҷавон низ ба ҳисоб мерафтааст. Дар доираи ҳамин рӯйдоди хотирмон донишгоҳ симои нави меъморию таълимӣ касб намуда, барои фаъолияти минбаъдаи худ имкониятҳои бештар ба даст овардааст.

Парчами давлатӣ дар саҳни донишгоҳ низ бо ҳамин рӯйдоди таърихӣ ва фазои тантанавии он пайванди маънавӣ дорад. Он дар муҳити донишгоҳ на танҳо рамзи давлатӣ, балки нишони эҳтиром ба истиқлол, давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва сиёсати созандагии кишвар мебошад.

Ҳангоме ки инсон ба Парчами парафшон менигарад, дарк мекунад, ки он аз доираи як рамзи расмӣ хеле фаротар меравад. Парчам таърихи миллат, роҳи пурифтихори давлатдорӣ, ормонҳои мардум ва умед ба ояндаро дар худ таҷассум менамояд. Он рамзи ягонагии ҷомеа, ифтихори миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан аст.

Барои ҷавоне, ки фаъолияти худро дар чунин муассисаи бонуфузи таълимӣ оғоз менамояд, ин манзара маънои махсус дорад. Парчами парафшон гӯё аз рӯзҳои нахуст ба инсон паёми муҳим медиҳад: дар ин ҷо на танҳо дониш меомӯзанду таълим медиҳанд, балки барои ояндаи давлату миллат, тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.

Донишгоҳ макони ташаккули ҷаҳонбинӣ, камолоти зеҳнӣ, касбият ва худшиносии ҷавонон аст. Аз ин рӯ, мавҷудияти чунин рамзи бошукӯҳ дар саҳни он метавонад ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносии донишҷӯён таъсири мусбат расонад. Ҳар рӯз, вақте ҷавонон аз назди Парчам мегузаранд, онҳо бо рамзе рӯ ба рӯ мешаванд, ки арзишҳои бузурги миллӣ ва мақсади олии зиндагӣ - хизмат ба Ватанро ба ёд меорад.

Парчами давлатӣ дар саҳни ДДМИТ, ба андешаи ман, ҳамчунин рамзи пайванди дониш ва давлатдорӣ мебошад. Дониш, маърифат, иқтисоди муосир, технология, инноватсия ва рушди инсонӣ аз омилҳои асосии пешрафти давлат ба ҳисоб мераванд. Донишгоҳ бо омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ташаккули тафаккури иқтисодӣ ва тарбияи ҷавонони фаъол дар ин раванд саҳми муҳим мегузорад. Парчам бошад, ин ҳама талошҳоро дар доираи як ормони бузург — ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол — муттаҳид менамояд.

Бешубҳа, ҳашамати Парчам танҳо дар баландии поя ва бузургии андозаи он набуда, шаҳомати воқеии он дар маъноест, ки дар қалби инсонҳо ҷой мегирад. Он замоне воқеан бузург мешавад, ки шаҳрвандон ба хотири он бо масъулияти баланд кор кунанд, дониш омӯзанд, қонунро эҳтиром намоянд, ба ҷомеа манфиат расонанд ва барои пешрафти Ватан саҳм гузоранд.

Ҳамчун ҷавоне, ки фаъолияти худро дар ДДМИТ оғоз кардааст, ин Парчамро на танҳо рамзи зебои саҳни донишгоҳ, балки нишони ифтихор аз муҳити корӣ, эҳтиром ба таърихи муассиса ва масъулияти шахсӣ дар назди ояндаи он қабул менамоям. Ҳар боре, ки аз назди Парчами парафшон мегузарам, эҳсос мекунам, ки ба як муҳити дорои арзишҳои бузург, ҳадафҳои созанда ва рисолати муҳим пайвастаам. Он маро ба он водор мекунад, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаам масъулиятшинос бошам, ба қадри имконият барои пешрафти донишгоҳ саҳм гузорам ва бо меҳнати худ сазовори ин муҳити созанда гардем.

Бешубҳа, Парчам рамзи гузашта, ифтихори имрӯз ва умеди фардост. Он моро ба таърихи миллат мепайвандад, дар замони муосир муттаҳид месозад ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун мекунад. Барои ман низ Парчами парафшони Тоҷикистони азизам дар саҳни ДДМИТ аз аввалин рӯзҳои фаъолият рамзи эҳтиром ба Ватан, ифтихор аз донишгоҳ ва масъулияти ҷавонӣ гардид. Ва ҳар боре, ки ба он менигарам, бо худ андеша мекунам: баландии Парчам бояд дар баландии ормонҳо, дониш, маърифат ва амалҳои созандаи мо низ таҷассум ёбад.

Парчамат то абад парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

 

Зулфира МАҚСАДУЛЛОЗОДА,

оператор-ҳуҷҷатнигори  шӯъбаи робитаҳои  байналмилалӣ