Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ифтихори миллӣ ва таҷассумгари таъриху тамаддуни ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он на танҳо матои дорои рангҳои муайян, балки ифодагари ҳастии таърихӣ, ҳувияти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи мардум мебошад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, озодиву истиқлол ва идомаи суннатҳои пурғановати давлатдории ниёгон аст.

Миллати тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, бо фарҳанги воло, забони ширин, адабиёти ғанӣ, илму маърифат ва анъанаҳои давлатдории хеш дар тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Таърихи давлатдории тоҷикон бо рамзҳои миллӣ, дирафшҳои шоҳӣ ва нишонаҳои соҳибдавлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки дар ривоятҳои бостонии миллати тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад, аз ҷумлаи рамзҳои таърихиест, ки мубориза барои адолат, озодӣ ва барқарории давлатро таҷассум менамояд. Ин пайванди таърихӣ нишон медиҳад, ки арҷгузорӣ ба парчам ва рамзҳои давлатдорӣ дар фарҳанги миллии мо решаҳои амиқ дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар марҳалаи тақдирсози ташаккули давлатдории навини тоҷикон ба вуқӯъ пайваста, оғози марҳалаи муҳими эҳёи рамзҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиро ифода мекард. Парчами давлатӣ бо рангҳои сурх, сафед ва сабз, инчунин тоҷ ва ҳафт ситораи болои он, мазмуну маънои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва рамзӣ дорад. Ҳар як ҷузъи он бозгӯкунандаи арзишҳое мебошад, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик нақши муҳим доранд.

Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои фарзандони миллат барои озодӣ, истиқлол ва адолат буда, ҳамзамон неруи созандагӣ ва матонати халқро ифода мекунад. Ранги сафед таҷассумгари покӣ, сулҳу оромӣ, бахту саодат ва нияти неки мардум аст. Ранги сабз бошад, рамзи табиати биҳиштосои Тоҷикистон, сарсабзиву шукуфоӣ, ҳаёти осоишта ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Тоҷи заррин бо ҳафт ситораи болои он рамзи соҳибдавлатӣ, сарбаландӣ, ваҳдат ва саодати миллати тоҷик маҳсуб ёфта, баёнгари пайванди таърихии гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат аст.

Маҳз дар ҳамин мазмуну муҳтавои рамзӣ арзиши бузурги Парчами давлатӣ таҷассум меёбад. Он таърихи пурифтихори гузаштагони моро бо воқеияти имрӯзаи давлатдории миллӣ мепайвандад ва ба наслҳои имрӯзаву оянда паёми равшани худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро мерасонад. Парчам дар баробари рамзи истиқлолият будан, ҳамчунин омили муҳими муттаҳидсозии ҷомеа, таҳкими ҳисси мансубият ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумимиллӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии Тоҷикистон ба яке аз рамзҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Парафшонии он дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дигар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бедор месозад. Ҳар боре ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, он на танҳо мавҷудияти як давлати соҳибистиқлол, балки фарҳанги қадима, тамаддуни ғанӣ ва иродаи устувори миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар сухан, балки дар рафтору кирдор, фаъолияти созанда ва муносибати масъулиятноки ҳар як шаҳрванд нисбат ба Ватан таҷассум ёбад. Ҳифзи муқаддасоти миллӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, омӯзиши таърихи миллат ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ вазифаи муҳими ҷомеа ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад. Зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад, ба арзишҳои миллии худ арҷ мегузорад ва рамзҳои давлатдориашро эҳтиром мекунад, метавонад ояндаи устувору шоистаи худро бунёд намояд.

Парчами давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ нест, балки оинаи таърихи пурифтихор, таҷассумгари фарҳангу тамаддун ва нишонаи ҳастии ҷовидонаи миллат мебошад. Он моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд. То замоне ки Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат парафшон аст, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, садоқат ва муҳаббат ба Ватан зинда хоҳад монд. Пас, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба таърих, тамаддун, истиқлолият ва шарафи миллати тоҷик аст.

 

 

Аҳлиддин НАЗАРЗОДА,

мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия