Парчам яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ ва нишонаи ҳастии ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, тамаддун, озодӣ, истиқлолият, ваҳдат ва ормонҳои неки мардум мебошад. Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар нишонаи нангу номус, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Ватани маҳбуб аст. Маҳз дар зери Парчами давлатӣ эҳсоси ягонагӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ташаккул меёбад.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар марҳилаи басо ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон сурат гирифта, барои муайян намудани рамзҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург дошт. Аз ҳамон рӯз инҷониб Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ҳастии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ - сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷи зарҳалдор ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар як ҷузъи он дорои мазмуну рамзияти хос буда, дар маҷмӯъ таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ормонҳои халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Ранги сурх рамзи мубориза барои озодӣ, истиқлолият ва ҷоннисорӣ, ранги сафед нишонаи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва нияти нек, ранги сабз рамзи табиати зебо, сарсабзӣ, ободӣ ва шукуфоӣ мебошад. Тоҷу ҳафт ситора бошад, ифодагари соҳибдавлатӣ, давлатдории миллӣ ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо рамзҳои миллии худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи мустақил дошта бошад. Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрӣ дар биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳои идона ва чорабиниҳои расмӣ парафшон гардида, симои Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.

Парчам дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши муҳим дорад. Зери он намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз касбу кор, синну сол ва маҳалли зист, худро узви як миллат ва як давлат эҳсос мекунанд. Эҳтиром ба парчам маънои эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва ояндаи давлатро дорад.

Яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва пурифтихор барои ҳар як миллат он аст, ки парчами давлаташ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Варзишгарони тоҷик бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ, заҳмати пайваста ва рӯҳияи матин дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, барои муаррифии номи Тоҷикистон талош мекунанд.

Вақте ки варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба мақоми ифтихорӣ соҳиб мешавад ва парчами давлатӣ ба ифтихори пирӯзии ӯ боло меравад, ин танҳо ғалабаи як нафар нест. Ин дастоварди тамоми миллат, ифтихори давлат ва натиҷаи заҳмати мураббиён, падару модарон ва дӯстдорони варзиш мебошад.

Дар чунин лаҳзаҳо садои Суруди миллии Тоҷикистон бо парафшонии Парчами давлатӣ ҳамоҳанг гардида, дар қалби ҳар як ҳамватан эҳсоси ифтихор, шодмонӣ ва муҳаббат ба Ватанро бедор мекунад. Аз ин рӯ, парчам барои варзишгарон рамзи шараф, масъулият, матонат ва садоқат ба Ватан аст.

Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби истифода ва эҳтироми рамзҳои давлатиро танзим менамояд.

Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки ба рамзҳои давлатӣ эҳтиром гузорад, онҳоро ҳифз намояд ва дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ саҳм гузорад. Дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ тарғиби маърифати ҳуқуқӣ ва шарҳи аҳаммияти рамзҳои давлатӣ бояд пайваста ба роҳ монда шавад. Зеро эҳтиром ба Парчами давлатӣ дар асл эҳтиром ба Конститутсия, қонун, истиқлолияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Шаҳрванди дорои худшиносии миллӣ бояд на танҳо аз парафшонии парчам ифтихор кунад, балки барои ҳифзи арзишҳои он бо рафтору фаъолияти шоиста саҳм гузорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Насли ҷавон бояд таърихи пайдоиш, мазмун ва аҳаммияти рамзҳои давлатии худро хуб омӯзад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддаси истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, иттиҳод ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он дар дилу шуури мардум ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносиро тақвият бахшида, варзишгаронро ба пирӯзиҳои нав, кӯҳнавардонро ба фатҳи қуллаҳои баланд ва ҷавононро ба дастовардҳои илмию эҷодӣ ҳидоят менамояд.

Парчам моро ба он водор месозад, ки арзишҳои давлатдориро ҳифз намоем, қонунро эҳтиром кунем, ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро таҳким бахшем ва барои ояндаи ободу осудаи Тоҷикистон саҳм гузорем.

 

Ёрибек ТИЛАБОВ,

мудири кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ