Амалҳои коррупсионӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дошт, мутаъсифона дар даврони муосир таъсири он рўз аз рўз дар ҳама кишварҳо руҷа карда истодааст. Он ба иқтисод, сиёсат, маориф, тандурустӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба боварии аҳоли ба давлат таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин мубориза бар зидди коррупсия, пеш аз ҳама пешгирии он, имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳар як давлати пешрафта ба шумор меравад.

Дар умум маънои амалҳои  коррупсионӣ суиистифода аз мансаб ва ваколатҳои хизматӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад. Он метавонад дар шакли пора гирифтан ва додан, тавассути хешу таборгарӣ, ҳамчунин аз тариқи истифодаи ғайриқонунии амволи давлатӣ зоҳир шавад. Хатари асосии коррупсия дар он аст, ки ба қонун ва адолат зарба мезанад. Вақте масъала бо пул ё шиносоӣ ҳал мешавад, инсони боинсоф ва донишманд аз ҳуқуқи худ маҳрум мемонад.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ, он сармоягузоронро метарсонад, нархҳоро боло мебарад ва буҷетро кам мекунад. Маблағҳое, ки бояд барои сохтани мактаб, беморхона ва роҳ сарф шаванд, ба ҷайби чанд нафар мераванд. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, он байни табақаҳои ҷомеа ноадолатӣ ва нобаробариро амиқтар мекунад. Аз ҷиҳати маънавӣ, он арзишҳои ахлоқиро вайрон мекунад ва ба ҷавонон ин тасаввуротро медиҳад, ки муваффақият на бо дониш ва меҳнат, балки бо роҳи осон аз ҳисоби шахсони ба дигари даст меояд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо ҷазо додани гунаҳкорон мушкили коррупсияро ҳал намекунад. Ҷазо зарур аст, вале он оқибатро бартараф мекунад, на сабабро. Агар шароите, ки коррупсияро таваллуд мекунад, боқӣ монад, ҷои ҷазододашудагон ба зудӣ дигарон мегиранд. Аз ин рӯ пешгирӣ, яъне бартараф кардани сабабҳо ва шароитҳои пайдоиши коррупсия, самараноктарин роҳ мебошад.

Пешгирӣ аз чанд қисмат иборат аст:

Якум, қонунгузории возеҳ ва шаффоф. Қоидаҳое, ки ба ду тарз шарҳ дода мешаванд, барои коррупсия замина месозанд. Вақте тартиби гирифтани ҳуҷҷат, иҷозатнома ё хизмат дақиқ навишта шуда, барои ҳама якхела бошад, кормандонро ба ҳалли масъала ниёзе намемонад.

Дувум, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ. Ҳар қадаре ки доду гирифт бевосита байни шаҳрвандон ва мансабдор кам шавад, ҳамон қадар имконияти коррупсия коҳиш меёбад. Хизматрасониҳои электронӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳо, пардохтҳо ва дархостҳо, омили ҳозира дар ин самт мебошанд. Онҳо вақтро сарфа мекунанд, роҳ ба коррупсияро мебанданд ва ҳисоботпазириро таъмин менамоянд.

Севвум, маоши одилона ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ. Албатта, маош танҳо сабаби коррупсия нест ва бисёр одамон бо маоши ночиз низ беғаразона кор мекунанд. Бо вуҷуди ин, шароити одилонаи меҳнат барои баланд бардоштани масъулият ва муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ заминаи муҳим мегузорад.

Чаҳорум, интихоби кадрҳо аз рӯи сифат. Агар мансаб бо лаёқат, дониш ва ишѓол гардад, на бо хешӣ ё ошноӣ, системаи идоракунӣ солим мешавад. Принсипи мерито-кратия, яъне пешбарии одамон аз рӯи қобилият, яке аз пойдеворҳои давлати мустаҳкам мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии коррупсия заминаи қонунӣ ва ташкилӣ фароҳам шудааст. Қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» соли 2005 қабул шуда, дар марҳилаҳои баъдина такмил дода шудааст. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолият менамояд. Ҳамчунин стратегияҳои миллии мубориза бо коррупсия, аз ҷумла барои солҳои 2021–2030, самтҳои асосии корро муайян кардаанд: баланд бардоштани шаффофият, рақамикунонӣ, ҳисоботдиҳии мақомот ва таълими ҳуқуқӣ.

Муҳим он аст, ки ин санадҳо танҳо дар ҳуҷҷат намонанд, балки дар амал татбиқ шаванд. Қонуни беҳтарин бе иҷрои қатъӣ арзиш надорад.

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ин амали ношоиста дар якҷоягӣ бо ҷомеа пешгири кардан ба маќсад мувофиќмебошад. Агар ҷомеа коррупсияро чун «меъёри зиндагӣ» қабул кунад, ҳеҷ қонун наҷот намебахшад. Вале агар ҳар шаҳрванд аз додан ва гирифтани пора даст кашад ва ҳуқуқи худро бидонад, вазъ тағйир меёбад.

Дар ин раванд нақши якчанд ниҳодҳо бузург мебошад.

Оила ва мактаб. Амалҳои  коррупсионӣ аз хурдсолӣ шакл мегирад. Агар кӯдак бубинад, ки калонсолон мушкилотро бо роҳи поракунӣ ҳал мекунанд, худаш низ ҳамин тавр рафтор хоҳад кард. Аз ин рӯ тарбияи ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва масъулият дар хона ва синфхона асоси пешгирии дарозмуддат аст.

Воситаҳои ахбори омма. Матбуот бояд ҳолатҳои коррупсияро холисона ва бо далел ошкор кунад, вале ҳамзамон бо иттиҳомоти беасос ба номи одамонро баъдном накунад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва шабакаҳои соҳибкорон метавонанд назорати ҷамъиятиро таъмин кунанд ва ба бемуҳобатии ҳолатҳои коррупсия роҳ надиҳанд.

Ҷомеаи муосир бар пояи боварӣ рушд мекунад: боварии шаҳрванд ба давлат, соҳибкор ба қонун, ҷавонон ба адолат беҳтар мегардад. Коррупсия ин боварии бунёдиро нест мекунад. Пас вақте мо дар бораи пешгирии коррупсия сухан мегӯем, дарвоқеъ дар бораи ояндаи худамон ва фарзандонамон сухан мегӯем.

Давлатҳое, ки дар ин самт муваффақ шудаанд, се чизро муттаҳид кардаанд: иродаи қавии сиёсӣ, шаффофияти низоми идоракунӣ ва фарҳанги баланди ҳуқуқии мардум. Ҳар кадоме аз ин ҳалқаҳо набошад, занҷир мешиканад.

Амалҳои коррупсиониро як рӯза решакан кардан ғайриимкон аст. Аммо қадамҳои ҳар рӯза, аз қабули одилонаи қарор то рад кардани пораи хурд, оҳиста-оҳиста муҳити нав месозанд. Ҳар як шаҳрванд, ҳар як хизматчӣ, ҳар як омӯзгор ва ҳар як рӯзноманигор метавонад дар ин кор саҳм гузорад.

Пешгирии коррупсия, дар асл, интихоби роҳи адолат, ростқавлӣ ва пешрафтии ҷомеа мебошад. Ва ин роҳ танҳо бо кӯшиши якҷоя ба сарманзили худ мерасем.

 

Рустам ЯҚУБОВ,

Саодат НОРБОБОЕВА

- устодони кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ.