ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ - ҲИДОЯТ НАМУДАН БА РОҲИ РОСТИН
Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи тағйироти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро аз сар мегузаронад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши муҳоҷират боис гардидаанд, ки муносибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мураккабтар шаванд. Дар баробари пешрафту имкониятҳои нав, ин равандҳо баъзан заминаи пайдоиши ақидаҳои ифротӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористиро низ фароҳам месозанд.
Имрӯз экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба амнияти давлатҳо, суботи сиёсӣ ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдид мекунанд. Экстремизм метавонад дар шаклҳои гуногун - сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ зуҳур намояд. Ҳадафи асосии чунин гурӯҳҳо расидан ба манфиатҳои худ тавассути зӯроварӣ, тарсонидан ва гумроҳ намудани шаҳрвандон мебошад. Барои муқовимати муассир ба ин зуҳуроти хатарнок, пеш аз ҳама, ҷомеа бояд моҳияти экстремизм ва терроризмро дуруст дарк намояд.
Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гуногунанд: паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, бекорӣ, норасоии дониш ва гумроҳшавӣ аз ҷониби афроди манфиатҷӯ. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон яке аз роҳҳои асосии пешгирии экстремизм мебошад.
Мутаассифона, имрӯз бархе ҷавонон ба ҷойи омӯзиши илму дониш ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ояндаи худ ва ҷомеаро зери хатар мегузоранд. Пешгирии ин раванд вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти ҳар як падару модар, омӯзгор ва фарди худогоҳи ҷомеа мебошад. Хусусан, омӯзгорон бояд дар баробари таълими фаннӣ, дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тарбия намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум намуда, ҳамеша ҷонибдори муборизаи дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои таъмини амнияти миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ тадбирҳои муҳиму муассир амалӣ карда мешаванд.
Яке аз роҳҳои муҳими пешгирии экстремизм ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ, илмомӯзӣ ва корҳои созанда мебошад. Китоб инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, ҷаҳонбинии ӯро васеъ мегардонад. Ҷавоне, ки соҳиби дониш, маърифат ва тафаккури солим аст, ҳаргиз ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ намешавад.
Хулоса, мубориза бо экстремизм ва терроризм аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти баланд, ҳушёрӣ ва зиракиро талаб менамояд. Танҳо тавассути тарбияи дурусти ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати онҳо метавон ҷомеаи солим, орому пешрафта бунёд намуд.
Бузургон фармудаанд:
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану тофтан.
Дилшод ОЛИМОВ,
дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ,
номзади илмҳои иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng