ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ РОҲИ НАҶОТ
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод масъалаи таҳкими ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки болоравии ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худогоҳии ҷомеа, махсусан ҷавонон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо ва муқаддас буда, он на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки нишонаи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ низ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ин арзиши бузургро қадр намуда, барои ҳифзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ саҳми худро гузорад. Зеро танҳо дар фазои орому устувор давлат метавонад рушд ёбад ва ҷомеа ба пешрафт ноил гардад.
Дар баробари ин, ҷаҳони муосир бо хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ мебошад. Ин амалҳои номатлуб имрӯз ба амнияти кишварҳо ва осоиши мардум таҳдид мекунанд. Терроризм ҳамчун амали зӯроварона барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё идеологӣ истифода мешавад, дар ҳоле ки экстремизм ифротгароии фикрӣ ва амалиест, ки метавонад ба низоъ ва нооромӣ оварда расонад.
Сабабҳои паҳншавии ин зуҳурот гуногун мебошанд. Аз ҷумла, паст будани сатҳи маърифати сиёсиву динӣ, таъсири манфии ҷараёни ҷаҳонишавӣ, эҳсоси ноумедӣ дар баъзе қишрҳои ҷомеа ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иттилоотӣ метавонанд ҷавононро ба доми гурӯҳҳои ифротӣ андозанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ин хатарҳо мебошад.
Дар ин замина, нақши ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа хеле муҳим аст. Онҳо бояд бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ, бо эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият фаъол бошанд. Ҷавонон бояд аз ҳар гуна таблиғоти ифротгароёна дурӣ ҷӯянд ва дониш, илму маърифатро ҳамчун воситаи рушди худ ва ҷомеа интихоб намоянд.
Ҳамзамон, мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи як ниҳод ё як давлат нест. Ин кори дастҷамъонаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Танҳо дар ҳамкории зич, эҳтироми мутақобила ва мубодилаи таҷриба метавон ба муқовимати самаранок бо ин хатарҳо ноил гардид.
Дар маҷмуъ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот рукнҳои асосии пойдории давлат мебошанд. Ҳар як шаҳрванди огоҳ бояд дарк намояд, ки ояндаи кишвар аз сатҳи масъулиятшиносӣ, дониш ва садоқати ӯ ба Ватан вобаста аст. Танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва заҳмати софдилона метавон Тоҷикистонро боз ҳам ободтару пешрафта гардонид.
Сафаралӣ АБДУРАҲМОНОВ,
мутахассиси шуъбаи фосилавӣ
Тоҷ
Рус
Eng