ПЕШГИРИИ ОДАМРАБОӢ МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОНИСТ
Одамрабоӣ яке аз ҷиноятҳои вазнини зидди ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, ба амнияти шахсӣ, озодӣ, шаъну шараф ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин амали ғайриқонунӣ на танҳо ба ҳаёт ва саломатии ҷабрдида, балки ба вазъи равонии аъзои оилаи ӯ ва муҳити иҷтимоӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва мубориза бо одамрабоӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамзамон масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.
Дар шароити ҷаҳони муосир одамрабоӣ метавонад бо шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифода аз зӯроварӣ, фиреб, таҳдид, тамаъҷӯӣ ва сӯиистифода аз боварии шаҳрвандон содир гардад. Баъзан ҷинояткорон аз вазъи иҷтимоии осебпазири одамон, махсусан кӯдакону наврасон, ҷавонон ва шахсони дар ҷустуҷӯи ҷойи кор қарордошта истифода мебаранд. Пешниҳоди ҷойи кори қалбакӣ, ваъдаи даромади баланд ва фирефтани шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд барои ба вазъияти хатарнок гирифтор намудани онҳо истифода шаванд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунанда аҳаммияти махсус дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ кафолат медиҳад. Ҳамзамон, қонунгузории ҷиноятии кишвар барои одамрабоӣ ва дигар амалҳои ғайриқонуние, ки ба озодии шахс таҷовуз мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Ин меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ равона гардидаанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар ин раванд вохӯриҳо бо шаҳрвандон, донишҷӯён, хонандагон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида, ба онҳо оид ба роҳҳои пешгирии ҷиноятҳои мазкур маълумоти зарурӣ пешниҳод карда мешавад.
Самти дигари муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ошкор намудани ҳолатҳои одамрабоӣ, муайян кардани шахсони дастдошта ва тибқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мебошад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои худ барои ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон, ошкор намудани ҳолатҳои ҷиноятӣ ва пешгирии такрори чунин кирдорҳо чораҳои дахлдор меандешанд. Ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа низ барои коҳиш додани хавфи содиршавии чунин ҷиноятҳо аҳаммияти калон дорад.
Дар баробари фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оила дар пешгирии одамрабоӣ нақши муҳим дорад. Падару модар бояд фарзандони худро аз хурдӣ ба риояи қоидаҳои бехатарӣ омӯзонида, бо онҳо оид ба муносибат бо шахсони ношинос, эҳтиёткорӣ ҳангоми муошират ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат намоянд. Боварӣ ва робитаи доимии байни падару модар ва фарзандон имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон дар ҳолатҳои шубҳанок сари вақт аз калонсолон кӯмак талаб кунанд.
Дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ масъалаи амнияти рақамӣ низ аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Шаҳрвандон бояд ҳангоми муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд, маълумоти шахсӣ ва суроғаи истиқомати худро бе зарурат паҳн накунанд, ба пешниҳодҳои шубҳаноки корӣ ва ваъдаҳои даромади ғайривоқеӣ зуд бовар накунанд. Пеш аз қабули қарор оид ба сафар ё фаъолияти меҳнатӣ дар дигар минтақа ё кишвар зарур аст, ки маълумоти корфармо ва қонунияти пешниҳоди кор санҷида шавад.
Муассисаҳои таълимӣ низ дар ин самт масъулияти муҳим доранд. Тавассути баргузории соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳои маърифатӣ, суҳбатҳои ҳуқуқӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ метавон сатҳи огоҳии ҷавононро баланд бардошт. Омӯзиши ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, қоидаҳои амнияти шахсӣ ва фарҳанги истифодаи дурусти интернет барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавон мусоидат менамояд.
Ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои пешгирии саривақтии ҷиноятҳо ва ҳифзи ҳаёту саломатии инсонҳо мусоидат намояд.
Ҷанбаи дигари муҳими масъала ҳимояи ҷабрдидагон мебошад. Шахсоне, ки қурбонии одамрабоӣ гардидаанд, метавонанд ба мушкилоти равонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шаванд. Аз ин рӯ, онҳо ба дастгирии ҳуқуқӣ, тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд. Муносибати эҳтиромона ва дастгирии ҳамаҷонибаи чунин шахсон барои барқарор намудани вазъи равонӣ ва бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар маҷмӯъ, пешгирии одамрабоӣ танҳо бо фаъолияти мақомоти давлатӣ маҳдуд намегардад. Барои таъмини амнияти ҷомеа ҳамкории давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оила, муассисаҳои таълимӣ ва шаҳрвандон зарур мебошад. Ҳар як узви ҷомеа бояд дар ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва амнияти инсон масъулияти худро эҳсос намояд.
Рухшона ДАВЛАТОВА,
муаллими калони кафедраи забони русии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng