Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз дар Тоҷикистони азиз ин тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳисоб рафта, вазифаи ҳар як шаҳрванди баору баномуси давлату миллат мебошад. Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони давлат мушкилиҳо ҷой дорад. Аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Терроризм чун вабои аср имрӯз ҷаҳонро ба ташвиш оварда, барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ба навро эҷод менамояд. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳои ҷойдошта, терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба њисоб меравад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Эрон, Сурия ва Лубнон нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин амали манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида, дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад, балки хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё торафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин амал дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

Суҳроб ШУКУРОВ,

н.и.и, дотсент, мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта

Шералӣ БЕКМИРЗОЕВ,

муаллими калони кафедраи андозбандӣ ва суғурта