Сада дар қатори Наврӯз ва Меҳргон аз замонҳои қадим яке аз ҷашнҳои бошукуҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Сада пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадиро таҷассум намуда, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ин ҷашн ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил гардида, ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд.

Сада ёдгоре аз даврони ориёиҳо буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳони асотирӣ нисбат медиҳанд.

 Бархе онро ба Ҳушанг, гурӯҳе ба Қаюмарс, Фаридун ва ҳатто ба Ардашери Бобакон вобаста медонанд. Роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни Сада дар манобеи гуногуни таърихию адабӣ маълумотҳои мухталиф зикр шудаанд, ки махсусан, ривоятҳои Абулқосими Фирдавсӣ ва Абурайҳони Берунӣ комилу ҷолиби таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд.

Тибқи ривояти Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», сабаби пайдоиши ҷашни Сада ба кашфи асрори афрӯхтани оташ аз ҷониби Ҳушанг вобаста аст. Рӯзе Ҳушанг ҳамроҳи чанд тан аз наздиконаш аз кӯҳе мегузашт, ки ногаҳон мореро мебинад ва сангеро ба сӯи он меандозад.

Санг ба мор намерасад, балки ба санги дигар бархӯрда, аз он шарорае ҷаҳида, хасу хошоки атроф аланга мегирад. Ҳамин тавр, рози фурӯзон кардани оташ ошкор мегардад. Ҳушанг бо бозгашт ба дарбор ин кашфи бузургро бо мардум ҷашн мегирад ва аз ҳамон замон ҷашни Сада ба анъана табдил меёбад.

Шеър:

Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Бо Каюмарсу Ҳушангу бо Фаридун,

Оташ афрӯзем то айвони гардун.

Шуълаи Ҳурмузд дорад оташи мо,

Озарафрӯз аст қалби беғаши мо.

 

Мустафо САТТОРЗОДА,

донишҷӯи курси 4-уми ДДМИТ