ТАДБИРҲОИ АМАЛӢ БАР ЗИДДИ РАВАНДҲОИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
Дар шароити равандҳои нави ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва байналмилалӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Бахусус, пайдоиши равандҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, ба сулҳу субот, истиқлолияти сиёсӣ ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ин хатарҳо дар канор намонда, пайваста тадбирҳои муассири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо онҳо роҳандозӣ менамояд.
Бо назардошти истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои таблиғ ва ҷалби ҷавонон, зарурати таҳлили амиқи тадбирҳои амалии давлат дар ин самт аҳамияти махсус касб менамояд. Хусусан, масъалаи пешгирии радикализатсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин, тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ, имрӯз хеле мубрам мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати муназзам ва ҳамаҷонибаро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм таҳия ва татбиқ намудааст. Қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, инчунин, амалигардонии чораҳои профилактикӣ миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, далели равшани аҳамияти ин масъала дар сиёсати давлатӣ мебошад.
Илова бар ин, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти муборизаи ғайринизомӣ бо экстремизм, аз ҷумла тавассути таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи маориф ва фарҳанг пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
Аз оғози соли 1998 кишварҳои узви “Панҷгонаи Шанхай” дар санадҳои стратегии худ, махсусан, дар “Эъломияи муштарак”-и ширкаткунандагони Мулоқоти Алмаато аз 3 июли соли 1998 барои муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои нав, мисли терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ мекарданд.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти махсуси давлатҳои худро дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ бояд пайваста тақвият бахшида шаванд.
Ақидаҳо оид ба инфротгароӣ (эстремизм) ва терроризм (даҳшатафканӣ) чун амалҳое, ки инсониятро дар тамоми тули таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нестанд.
Решаҳои он хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатоварӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.
Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар хислати сиёсӣ гирифтааст. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи миқёси харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ баробар шуда метавонанд.
Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30 зиёда аз 60% фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.
Ҳамин тариқ, мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад. Вале як бахш ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳанд. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ ҷавононро аз ҷодаи торикию гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳидоят намоем.
Оид ба пешгирии амалҳои бади террористӣ ва ифродгароӣ тадбирҳои зеринро андешидан аз манфиат холӣ нест:
- дар бораи мубориза бо ифродгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳолӣ. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёдро рӯи даст гирифтааст;
- сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд;
- марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;
- маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз воситаҳои ахбори оммавӣ (ВАО);
- оид ба пешгирии ифротгароӣ бурдани корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизионию радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усули нав ва ғайра.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тадбирҳои муназзам ва ҳамоҳангшудаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, бо ҷалби ҷомеа ва махсусан ҷавонон, пайваста бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза бурда, сулҳу субот, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатро ҳифз менамояд.
Дар маҷмуъ, дар баробари давлат ҳар яки шаҳрванди он вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, худаш намунаи ибрат бошад, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунад, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳнатпарвар бошад.
Р. ФОЗИЛОВ,
ассистенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng