Дар тамоми давраҳои таърихӣ масъалаи истисмори инсон яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб мерафт. Аз замонҳои қадим то имрӯз одамон бо роҳҳои гуногун мавриди истисмор, зӯроварӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ва поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ қарор мегиранд. Агар дар замонҳои қадим ғуломдорӣ ва одамдуздӣ шаклҳои маъмули истисмори инсон ба шумор мерафтанд, дар замони муосир ин зуҳурот бештар дар шакли одамрабоӣ, савдои одамон, меҳнати маҷбурӣ, истисмори ҷинсӣ ва дигар шаклҳои ғайриқонунии истифодаи инсон ба назар мерасанд.

Мутаассифона, сарфи назар аз пешрафти илму техника, рушди қонунгузорӣ ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи байналмилалӣ, ҳанӯз ҳам дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳолатҳои одамрабоӣ ва савдои одамон ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони ҷиноятпеша бо мақсади ба даст овардани фоидаи моддӣ, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар ҳадафҳои ғайриқонунӣ инсонро ба воситаи таҳдид, фиреб, зӯроварӣ ва суиистифода аз боварӣ ба доми худ мекашанд.

Одамрабоӣ яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба ҳисоб рафта, моҳияти он дар ғайриқонунӣ маҳрум сохтани шахс аз озодӣ ва интиқол ё нигоҳ доштани ӯ бар хилофи иродааш ифода меёбад. Ин ҷиноят метавонад бо роҳҳои гуногун содир гардад: пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб, суиистифода аз боварӣ, истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он.

Ҷинояткорон аксар вақт аз вазъи душвори иқтисодӣ, бетаҷрибагӣ, нодонӣ ва боварии аз ҳад зиёди одамон истифода мебаранд. Масалан, онҳо метавонанд ба шахс ваъдаи кори сердаромад, зиндагии беҳтар, таҳсили ройгон ё сафар ба хориҷи кишварро пешниҳод намоянд. Аммо дар асл мақсади онҳо ҷалби шахс ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва истисмори минбаъдаи ӯ мебошад.

Савдои одамон бошад, амали мураккабтар буда, ҷалб кардан, интиқол додан, супоридан, пинҳон кардан ё қабул намудани одамонро бо мақсади истисмор тавассути таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, фиреб, маҷбуркунӣ, суиистифода аз вазъи осебпазир ва дигар воситаҳои ғайриқонунӣ дар бар мегирад.

Барои пешгирии ин омилҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа аҳаммияти калон дорад.

Гарчанде ғуломдорӣ ҳамчун низоми расмии иҷтимоӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон аз байн рафтааст, шаклҳои нави он то ҳол вуҷуд доранд. Ғуломдории муосир на ҳамеша бо занҷирбандӣ ва нигоҳ доштани шахс дар ҷойи муайян зоҳир мегардад.

Ҳамаи ин амалҳо шаъну шараф, озодӣ ва ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол намуда, ба ояндаи қурбониён таъсири вазнини ҷисмонӣ ва равонӣ мерасонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ мешуморад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсият ва ҳифзи шаъну шарафи инсонро кафолат медиҳад.

Барои пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои одамрабоӣ ва савдои одамон дар кишвар заминаи муайяни ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» дар ин самт нақши муҳим доранд.

Мувофиқи моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, одамрабоӣ ҷиноят ба ҳисоб рафта, барои содир намудани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи қисми якуми моддаи мазкур, одамрабоӣ, яъне ғайриқонунӣ тасарруф намудани шахс бо роҳи пинҳонӣ, ошкоро, фиреб, суиистифода аз боварӣ, зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, бо маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Дар ҳолатҳои вазнинкунанда, аз ҷумла ҳангоми содир намудани чунин кирдор аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, такроран ва дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун, ҷазо сахттар мегардад.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи матни Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, дар ҳолатҳои вазнинкунандаи дар қисми дуюми моддаи 130 пешбинишуда ҷазо метавонад аз дувоздаҳ то бист сол маҳрум сохтан аз озодиро дар бар гирад.

Ин меъёрҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки давлат ба озодии инсон ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои шахсоне, ки онро ғайриқонунӣ поймол мекунанд, ҷавобгарии ҷиддӣ муқаррар кардааст.

Қонуни мазкур 26 июли соли 2014 таҳти №1096 қабул гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо савдои одамонро муайян мекунад.

Мақсади асосии қонун пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониён, расонидани ёрии зарурӣ ва фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани зиндагии муқаррарии онҳо мебошад.

Зӯроварӣ дар оила метавонад ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии шахс таъсири манфӣ расонад. Шахсоне, ки дар муҳити зӯроварӣ зиндагӣ мекунанд, баъзан аз сабаби вобастагии иқтисодӣ, тарс, таҳдид ва надоштани дастгирӣ ба ҳолати осебпазир гирифтор мешаванд. Чунин вазъият метавонад хавфи мавриди истисмор қарор гирифтани онҳоро зиёд намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ваколатдори кор бо занон ва оила, дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фаъолияти муайянро амалӣ менамоянд.

Дар мубориза бар зидди одамрабоӣ ва савдои одамон танҳо мақомоти давлатӣ масъул нестанд. Оила, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва худи шаҳрвандон низ бояд дар ин раванд саҳми арзанда гузоранд.

Мо бояд дарк намоем, ки инсон молу мулк нест, балки соҳиби ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шараф мебошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад инсонро хариду фурӯш кунад, аз озодӣ маҳрум созад ё ба меҳнати маҷбурӣ водор намояд.

 

Ороста МАҲМУДОВА,

ассистенти кафедраи забони русии ДДМИТ