Дар Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои такмили минбаъдаи усулҳои ҳисобкунии ва ситонидани андозҳо таваҷҷуи хоса додашудааст. Инро дар мисоли баъзе андозҳо шарҳ медиҳем.

Андоз аз амволи ғайриманқул то қабули Кодекси нав ба андози замин вобаста буд яъне меъёри он аз рўи меъёри замин ба таври корато муайян карда шуда бевосита дар асоси қарорҳои дахлдори ҳукукматҳои маҳалӣ ноҳияҳо муқаррар карда шуда имконати бо таври мутомарказ ҳисоб кардани маблағи он имконнопазир буд. Ин ҳолат ба сифати банақшагирии воридотҳои андозӣ тасъсири манфӣ мерасонд. Ғайр аз ин, нархи фурӯши амволи ғайриманқул дар вақти ҳисоб кардани маблағи андоз аз эътибор берун буд яъне усули ҳисобкунии маблағи андози аз амволи ғайриманқул ба талобатҳои методологӣ ва таҷрибаи мамлакатҳои тараққӣкарда, манфиатҳои аксарияти андозсупорондагон ҷавобгў набуд.

Дар раванди таҳия ва қабули Кодекси нави андоз усули ҳисоб намудани андози аз амволи ғайриманқул ба таври кулли тағйир дода шудааст. Пеш аз вобастагии вай аз андози замин аз байн бардошта шуда, меъёриҳои он ба таври мустақилона нисбат ба нишондиҳандаи ҳисобӣ муқаррар карда шуданд.

Дар моддаи 279-и кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки  меъёри андоз аз объекти молу мулки ғайриманқул вобаста ба масоҳати ищғол намудаи  объекти молу мулки  ғайриманқул  ва мақсади  истифодабарии  он бо фоиз аз руӣи нишондиҳанда барои  ҳисобҳо бо коэффитсенти  танзимкунанда дар  миқёси шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад:

-барои объектҳои молу мулки ғайриманқули бо сифати биноҳо (ҳучраҳои) истиқомати истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ - ба андозаи 3 фоиз;

-барои объектҳои молу мулки ғайриманқули бо сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқомати истифодашавандаи   зиёда аз 90 метри мураббаъ-ба андозаи 4 фоиз;

-барои объектҳои молу мулки ғайриманқули барои амалӣ намудани фаъолияти совдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии машии аҳолӣ истифодашавандаи то 250 метри мураббаъ - ба андозаи 12, 75 фоиз;

-барои объектҳои молу мулки ғайрманқули барои амалӣ намудани фаъолияти совдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии машии аҳолӣ  истифодошавандаи зиёди аз  250 метри мураббаъ - ба андозаи 15 фоиз;

-барои объектҳои молу мулки ғайрманқули барои мақсадҳои дигар истифодошавандаи то 200 метри мураббаъ - ба андозаи 9 фоиз;

-барои объектҳои молу мулки ғайрманқули барои мақсадҳои дигар  истифодаи зиёда  аз 200 метри мураббаъ - ба андозаи 12 фоиз.

  1. Коэффитсиентҳои зерини минтақавӣ андозаи пардохти андоз аз объекти молу мулки ғайриманқулро ба танзим медароранд.

 

Гуруҳҳо

Номгўи шаҳру ноҳияҳо

Коэффитсиентҳои минтақавӣ

1

Қаламрави шаҳри Душанбе

 

1,0

2

Қаламрави шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб

 

0,8

3

Қаламрави шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Вахдат, Турсунзода, Роғун, Норак, Сарбанд ва Хоруғ

0,55

4

Қаламрави дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳое, ки дар гурӯҳҳои 1, 2 ва 3 нишон дода нашуданд

0,4

5

Қаламрави шаҳрак ва деҳоти мансуб ба ноҳияҳо (шаҳрҳо) -и Истаравшан, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ёвон, Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Норак, Вахш,  Қубодиён, Қумсангир, Носири Хисрав, Панҷ, Сарбанд, Хуросон, Ҷалолидини Балхӣ ва Шаҳритус

0,3

6

Қаламрави шаҳрак ва деҳоти мансуб ба ноҳияҳои (шаҳрҳои) Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Варзоб, Файзобод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Шӯрообод

0,15

7

Қаламрави шаҳрак ва мансуб ба  ноҳияҳои (шаҳрҳои) Ғончӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ,  Шаҳристон, Нуробод, Рашт, Роғун, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон, Хоруғ ва Шуғнон

0,09

  1. Аз руйи объектҳои ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгир мебошанд, меъёрҳои андоз ба андозаи 2-каратаи меъёрҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.
  2. Барои андозбандии таҳхонаҳо ва болохонаҳо, инчунин барои бинҳои (ҳуҷраҳои) ёрирасон меъёрҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда муқарраршуда истифода бурда мешаванд.

Мутобиқи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манбаи андози аз объекти молу мулки ғайриманқул тағйиротҳо ворид гардидаст, яъне ба манбаи андоз таҳхонаҳо ва болохонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, ки барои фаъолияти соҳибкори истифода бурда намешаванд, дохил намегарданд.

Аз шиносоӣ бо методикаи ҳисоб намудани манбаъ ва маблағи пардохти андози аз объекти молу мулки ғайриманқул бармеояд, ки вай ба тамоми талоботҳои методологияи андозбандӣ ва принсипҳои андозбандӣ ҷавобгӯ мебошад ва ба манфиатҳои андозсупорондагон мувофиқ аст.

Дар охир як мисолро оид ба ҳисоб намудани маблағи  пардохти  андоз аз объекти молу мулки  ғайриманқул оварда, методикаи пешбинишударо дар амал татбиқ  мекунем.

Шаҳрванд Тиллоев А. дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва молу мулки ғайриманқули иборат аз бинои истиқомати (200 м2) ва иншоотҳои ёрирасон - ошхона, оғил, анбор, коҳдон, гараж бо масоҳати умумии 240 м2 дорад. Барои соли 2013 маблағи пардохти андоз аз объектҳои молу мулки ғайриманқули шаҳрванд А. Тиллоев ҳисоб кунед ( бо дарназардошти нишондиҳандаи ҳисоб ба  40 сомони баробар аст)

Пеш аз ҳама манбаи андозро меёбем 200 м2+

Меъёрҳои андозро, ки нишондиҳандаи ҳисобӣ баробари 40 сомон будан, муайян мекунем.

а) то 90м2

 м2

б) зиёда аз 90 м2

3.Тибқи талаботи Кодекси андоз пардохти андозро барои бинои истиқоматӣ ва иншоотҳои  ёрирасон дар  алоҳидагӣ ҳисоб мекунем:

а) (90м21,20 с.)+(200м2-90м2)

б) барои иншоотҳои ёрирасон:

(90м21,20с)+(120м2-90м2)1,60с=108с+48с=156 с.

в) маблағи пардохти андоз барои бинои истиқоматӣ ва  иншооти ёрирасон

284с+156с=440 сомонӣ.

4.Коэффитсиенти танзимкунанда барои қаламрави  шаҳрак ва  деҳоти мансуб ба  ноҳияи Рӯдакӣ қабулшуда ба 0,3 баробар аст. Аз ин ҷо,

  1. Маблағи пардохти андози дар боло ҳосилшударо бо коэффитсенти танзимкунанда - 0,3 зарб зада, маблағи андози аз объекти молу мулки ғайриманқули шаҳрванд Тиллоевро барои соли 2025 муайян мекунем:

440 сомонӣ  0,3=132 сомонӣ.

 

Абдурасул Раҳимзода -

магистри курси 1-уми

ихтисоси 1-260101, идоракунии давлатӣ