ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик яке аз арзишмандтарин дастовардҳои таърихӣ буда, озодии сиёсӣ ва соҳибихтиёриро ифода карда, заминаи устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишварро низ фароҳам овардааст. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, ҷомеа бо эҳсоси баланди ифтихор ба роҳи тайкарда ва дастовардҳои он назар мекунад.
Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмилалӣ арзиши рӯйдодҳои сиёсиро аз сатҳи фарогирӣ ва таъсиргузории он дар сарнавишти инсонҳо муайян месозад.
Ҷонибдорӣ ёфтани чор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекунад. Хусусан, эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «Дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии СММ қатънома оид ба «Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул карда шуд. Ин иқдоми навин бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, рушди иқтисодӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва баланд шудани нуфузи байналмилалии кишвар мебошад.
Дар хотираи таърихи башар дар ҳар давру замон рӯйдодҳои бузурге ба вуқуъ пайвастаанд, ки бархе аз доираи як рӯйдоди сиёсӣ фаротар рафта, ба марҳилаи нави шаклгирии равобити байналмилалӣ асос мегузоранд.
Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси мондагори Пешвои муаззами миллат қабул гардид, пирӯзии фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон ҳисобидан мумкин аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодошии хеш ба муносибати қабули ин қатънома чунин таъкид намудаанд: «Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад».
Чунин арзёбӣ воқеияти замони муосирро пурра дар худ инъикос мекунад, зеро қабули қатънома ба дастоварди як давлат маҳдуд нашуда, пирӯзии фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд.
Ин дастовардҳо дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, бо туфайли сиёсати «дарҳои кушод» барои Тоҷикистон имконияти хуби бунёд ва мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ муҳайё гардид. Зери сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ба ҷаҳониён исбот намоем, ки тоҷикон миллати куҳан ва дорои фарҳанги бои қадима мебошанд.
Муборак МИРЗОАЛИЕВА,
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng