Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фаъолияти бонкӣ

Муслихова Тахмина Тагоевна

Мудири кафедра

Муслихова Тахмина Тағоевна

номзади илми иқтисод, дотсент


Утоқ: 311

E-mail: t.muslikhova@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Фаъолияти бонкӣ, муомилоти пул ва карз, ташкили фаъолияти бонки марказӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Ташаккул ва рушди низоми бонкӣ, таҳлили фаъолияти бонкҳои тичоратӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Заминаҳои ташаккули рақобатпазирии корхонаҳо дар шароити гузариш: дар мисоли корхонаҳои КАС ҶТ

Нашрияҳои асосӣ: Пешгӯии самараноки соҳаи кишоварзии минтақа. Паёми ДДМИТ- с. 2020. Мукаммалгардонии муносибатҳои заминдорӣ дар соҳаи кишоварзӣ. Паёми ДДМИТ- с. 2020. Бозори фондӣ. китоби дарсӣ – с. 2020. Ҷанбаҳои методологии рушди маконии иқтисодиёти минтақавӣ. Паёми ДДМИТ- с. 2021. Пояҳои назариявию методологии равиши маконӣ дар рушди назарияи иқтисодиёти минтақавӣ. Паёми ДДМИТ- с. 2021.

Таърихи кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

Мувофиқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ таҳти фармони №770/д-и аз 10 сентябри соли 2003 кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» дар базаи кафедраи «Молия, муомилоти пул ва қарз» таъсис дода шуд. Кафедра фаъолияти самараноки худро пурра аз 19-уми сентябри соли 2003 баъд аз тавсиби фармони ректор дар бораи ба вазифаи мудири кафедра таъин шудани марҳум д.и.и., профессор Д.Г.Гулмирзоев оғоз гардид. Саҳми марҳум дар ташаккул ва рушди корҳои илмӣ-таълимию методии кафедраи фаъоияти бонкӣ зиёд буд. Дар давраи роҳбарии Гулмирзоев Д.Г. дар назди кафедра бонкӣ таълимӣ барои назарияро бо амалия алоқаманд намудан кушода шуд, ки таҷрибаи амалии кори донишҷӯён мусоидат мекард.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар корҳои илмӣ – тадқиқоти қиёси донишкада дар баробари дигар кафедраҳои тахасусӣ мавқеи муайян дошта дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии он дар пешбурди фаъолияти устувори иқтисодӣ ва омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ мусоидат мекунад.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ яке аз аввалин кафедраҳое мебошад, ки дар Донишкадаи Андоз ва ҳуқуқ ташкил карда шуда, фаълияти баъдинаашро дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар базаи ду кафедраи донишкадаҳо яъне Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият намуда истода дар омодасозии кадрҳои соҳавӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Таъсисдиҳандаи кафедраи фаъолияти бонкӣ марҳум доктори илмҳои иқтисодӣ профессор академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмирзоев Д.Г. мебошад. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 мақоми худро иваз намуд ва он ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд, ки кафедраи фаъолияти бонкӣ бо номи петараи худ дар зерсохтори факултети молия ва қарз нигоҳ дошта шуд.

Мақсади асосии таъсис намудани кафедра дар омода намудани мутахасисони гуногун соҳаи донишгоҳ ва ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Фаъолияти бонкӣ», «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ», «Идора кардани хатари бонкӣ», «Амалиётҳои бонкӣ», «Низоми бонки мамлакатҳои хориҷа», «Ташкили фаъолияти бонки марказӣ», «Таърихи бонкҳо», «Низоми пулию бонкӣ», «Коргузори дар бонк», «Фаъолияти амонатбонк», «Сиёсати молиявии бонкҳои тиҷоратӣ», «Бонки электронӣ», «Навовариҳои электронӣ дар бонк» буд. Дар кафедра аз давраи фаъолият то ин ҷониб олимон ва устодони ботаҷрибаи илми иқтисоди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ба монанди марҳум Академик Гулмирзоев Д.Г, профессорон Умаров Ҳ.У., Мирсаидов А.Б.,Султонов З., дотсентон Ашуров Н., Солиев Н.Н., Султонзода Ҷ.У., Донахонов И.С., Ҷураев Б.М., Қурбонов М.,Пулодов Ҳ.Н., Миразизов ва дигарон дар кафеда ба донишҷӯён таълими илм додаанд.

Нахустин устодони ҷавон ва дастпарварони кафедра дар давраи таъсисёбии донишкада ва кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» инҳо буданд: марҳум Гулмирзоев Д.Г.,Ашуров Н., Солиев Н.Н., ., Бобомуродов Б.Э., Донахонов И.С., Хайров Ш.,Қ., Ҷураев Б.М., Раҳимова А.В., Муслихова Т.Т., Қаюмова С.Р., ассистентон Тошева М.Ф., Эргашева М.

Дар тайёр кардани кадрҳои тахасусӣ ҳиссаи кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» бениҳоят калон буда дар омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ саҳми назаррас дорад. Кафедра дар зери роҳбарии академик Гулмирзоев Д.Г. рушду нумуъ ёфта, рӯз то рӯз ба базаи мубоҳисави ва маҳфили илми иқтисоди мубадал ёфта буд. Корпуси педагогии кафедра мустаҳкам буда, дар он барои сайқал додани дониши донишҷӯён як зумра чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки тибқи онҳо кафедра амал намуда истодааст. Имрӯз дар кафедраи фаъолияти бонкӣ: маҳфили илмии донишҷӯён, семинарии доимоамалкунандаи устодони кафедра баргузор мегардад. Дар кафедаи фаъолияти бонкӣ устодони зерин ба ҳайси мудири кафедра роҳбари намудаанд: Гулмирзоев Д.Г. (солҳои 2003 – 2009), Ашуров Н. (солҳои 2009 - 2011) Хайрзода Ш.Қ (солҳои 2012-2014)., Абдуалимзода Ҳ. А (солҳои 2014-2018), Ашуров Ғ.М. (солҳои 2019-2020), Ғафуров Ғ.С. (солҳои 2020-2022), аз 12 уми марти соли 2022 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба зимаи Муслихова Т.Т во гузошта шудааст, ки дар мавзуъҳои гуногуни илмӣ дар якҷояги бо ҳамроҳии устодон тадқиқот бурда истодаанд.

Мавзӯи умумии илмӣ - тадқиқотии кафедра «Таҳким ва пешниҳоди намудҳои навӣ хизматҳои бонкӣ ба мақсади руши устувори иқтисодӣ» таҳия ва пешниҳод гардида буд. Самти илмии кафедра ба ҳафт номгӯи мавзӯъҳо ва зермавзӯъҳо ҷудо мешавад. Фасли 1. - «Таҳким ва пешниҳоди намудҳои наи хизматҳои бонкӣ ва омилҳои ташаккули нархи хизматҳои бонкӣ»(Хусусиятҳои ташаккули нар.хи хизматҳои бонкӣ, муаммоҳои ташаккули бозори байнибонкӣ ва роҳҳои ҳали он, моҳият ва назарияҳои маҳсулотҳои бонкӣ, мувофиқати хизматҳои бонкӣ бо талаботи бозори молия, ): Фасли 2. – «Нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди соҳибкории ватанӣ»(таъсири сармояи бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ, таҳлил ва таҳкими манбаъҳои сармоягузории корхонаҳои ватанӣ, қарзи давлатӣ ва муаммоҳои идоракунии қарзи давлатӣ, муамоҳои итироки бонкҳои тиҷоратӣ дар раванди сармоягузории соҳибкории ватанӣ) Фасли 3. –«Таркиби портфели қарзии бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои такмили он» (низоми бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаҳои бӯҳрон, тамоюл ва дурнамои рушди фаъолияти бонкӣ). Фасли 4.-«Танзими давлатии фаъолияти бонкӣ дар кишвар ва роҳҳои такмили он»(такмили низоми давлатии фаъолияти бонкӣ, Устувоӣ ва такмили сиёсати пулию қарзии ҶТ). Фасли 5.-«Тамоюл ва дунамои инкишофи фаъолияти бонкдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тамоюл ва густариши муносибатҳои бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷа, такмил ва механизмҳои асосии фаъолияти бонкҳои исломӣ дар ҶТ) Фасли6 .-«Сиёсати қарзии бонкҳои тиҷоратӣ»(такмили сиёсати макетингии бонкҳои тиҷоратӣ,такмили бозори байнибонкии қарзтаҳлили омилҳои ташаккули фоидаи бонк) Фасли 7.-«Дурнамоии фаъолияти сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ»(таҳлили сектори бонкӣ ва нақши он дар рушди саноат, муаммоҳои раванди сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ дар иқтисодиёти кишвар).

Аз аввали таъсисёбии кафедра самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии кафедра барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сатҳи гузориш ба иқтисодиёти бозорӣ барои Тоҷикистон хос мебошад равона шуда буд.

Оиди ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ устодони кафедра зиёда аз 25 асар ва 200 мақолаҳои илмӣ таълиф намудаанд. Аз он ҷумла ба қалами устодони кафедра китобҳои зерин мансуб мебошад: «Муомилоти пул ва қарз»: АшуровН., Нашриёти «Ирфон»: Душанбе - 2002., «Идора кардани хатари бонкӣ», Ашуров Н., Нашриёти «Ирфон»: Душанбе - 2006с, «Пул, қарз ва бонк», Ашуров Н., Хайров Ш.Қ., Маҳмадкаримов Х.Ш., Нашриёти «Ирфон», Душанбе - 2013с., «Денежно – кредитного политика Республика Таджикистан», Ашуров Н., Нашриёти «Нодир», Душанбе - 2004с., «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ», Махшулов С.Ҷ., «Матбуот», Душанбе - 2013с. «Пул, қарз ва бонк», Ҷураев Б.М ., Нашриёти «Ирфон», Душанбе - 2006с, «Хатари бонкӣ», Махшулов С.Ҷ., Хоҷаев Б.Б. ., «Матбуот», Душанбе - 2022с., «Фаъолияти бонкҳои байналмиллалӣ» Муслихова Т.Т., Махшулов С.Ҷ., Хоҷаев Б.Б. «Матбуот», Душанбе - 2022с., «Инноватсия дар бонк», Махшулов С.Ҷ., Хоҷаев Б.Б. ., «Матбуот», Душанбе - 2022с. ва як зумра мақолаву монографияҳо ба табъ расидаанд.

Оиди ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ устодони кафедра зиёда аз 25 асар ва 200 мақолаҳои илмӣ таълиф намудаанд. Аз он ҷумла ба қалами устодони кафедра китобҳои зерин мансуб мебошад: «Муомилоти пул ва қарз»: АшуровН., Нашриёти «Ирфон»:, «Идора кардани хатари бонкӣ», Ашуров Н., Нашриёти «Ирфон»:, «Пул, қарз ва бонко», Ашуров Н., Хайров Ш.Қ., Маҳмадкаримов Х.Ш., Нашриёти «Ирфон»,., «Денежно – кредитная политика Республика Таджикистан», Ашуров Н., Нашриёти «Нодир»., «Муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ», Махшулов С.Ҷ., «Матбуот»,. «Пул, қарз ва бонк», Ҷураев Б.М ., Нашриёти «Ирфон»., «Фаъолияти бонҳои байналмилалӣ» Махшулов С.Ҷ., Хоҷаев Бахтиёр.,Сафаров Қ.С., Аҳадов И.Қ., Латипова Г.С., Шоасалов Н.Қ., Сафаров А.И. васоити таълиӣ Нашриёти «Ирфон»: ва як зумра мақолаву монографияҳо ба табъ расидаанд.

Айни ҳол дар кафедраи фаъолияти бонкӣ 2 нафар профессор, 7 нафар номзади илм дотсент, 5 нафар муаллими калон, 7 нафар ассистентон кор мекунанд.