Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Система ва технологияҳои иттилоотӣ

Ашуров Мухаммади Нусратович

Мудири кафера

Ашуров Муҳаммадӣ Нусратович

Номзади илмҳои иқтисод, дотсент


Ауд.: Бинои таълимии I

Утоқ: 221

E-mail: m.ashurov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Менеҷменти иттилоотӣ, Маркетинги шабакавӣ, Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Рушди инфрасохтори бозории минтақа

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: “Рушди инфрасохтори бозор дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Нашрияҳои асосӣ: Менеҷменти инноватсионӣ (китоби дарсӣ) Идоракунии системаи иттилоотии бонкӣ (васоити таълимӣ), Менеҷменти иттилоотӣ (васоити таълимӣ), Маркетинги шабакавӣ (васоити таълимӣ), Усулҳои кам кардани хатари қарзӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №2/6 (120) Душанбе: «Сино» 2013. С.24-26 (мақола), Механизми ташаккул ва идоракунии инфрасохтори бозории минтақа// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №2/2 (197) Душанбе-2016, с-37,41 (мақола), Хусусиятҳои ташкилдиҳии институтҳои инфрасохтории бозорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Конкурентоспособность в глобальном мире: экономика, наука, технологии. 2016. № 8-1 (20). С. 35-37. (мақола), Самтҳои асосии рушди инфрасохтори бозории минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Экономика и управление: проблемы, решения. 2017. Т. 1. № 1. С. 144-149 (мақола), Заминаи асоси барои ташаккул ва рушди инфрасохтори бозор дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Финансовая экономика. 2018. № 8. С. 155-159.(мақола), Рушди зерсохтори гумрукии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон № 10-Душанбе-2018, С.35-41.(мақола), Нақши технологияи иттилоотӣ дар рушди маркетинг// Кишоварз №1 (81) 2019, саҳ. 207-210.(мақола), Пардохтпазирӣ ҳамчун омили рушди ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №2/2 (197) Душанбе-2019, с-31,37. (мақола), Таҳлили ҳолат ва махсусиятҳои ташаккули институтҳои инфрасохтори бозор дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд №1 (соли 2020) , с-90-96. (мақола), Ҷараёнҳои минтақавии ҳамгироӣ ҳамчун омили тараққиёти инфрасохтори минтақаҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Тоҷикистон ва ҷаҳони имруз 2020 №4 (72) , с-173-185.(мақола)

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ СИСТЕМА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

Роҳбарии кафедраро аз соли 2012 то соли 2016 н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ. ва аз соли 2016 то соли 2020 н.и.и., дотсент Раҳимов Ф.С. ба уҳда доштанд.

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 29.12.2020 таҳти №295/Ш роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашуров Муҳаммади Нусратович ба ӯҳда дорад.

Кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 2012 ҳамчун кафедраи тахасусии факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар пояи собиқ кафедраҳои «Математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва «Информатикаи амалӣ» таъсис ёфтааст.

Кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 2012 ҳамчун кафедраи тахасусии факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар пояи собиқ кафедраҳои «Математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва «Информатикаи амалӣ» таъсис ёфтааст.

Дар кафедра аз рӯи самти тахасусии1-40010202 «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва 1-4001020201 - «Технология ва низоми иттилоотӣ дар муҳосибот» мутахассисон тайёр карда шуда, дорои касбӣ муҳандис - барномасоз – иқтисодчӣ мешаванд.

Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунӣ ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба баҳри баландбардории савияи дониши донишҷӯён сафарбар карда шудаанд, аз қабили профессорон Курбонов А., Табарӣ Ҳ, дотсентон Ашуров М.Н., Раҳимов Ф.С., Соҳибов Ф.Ҳ. Бобомуродов П.У., Раҳмонзода З., Солиева Н., Мирзоабдуғафуров К.И., устодони калон Хушмуҳаммадзода З, Зарипов К., ассистентҳо Юсупова Ҳ.Ҳ., Ғафуров Ф.Ҷ., Мусофирова Ф, Исвалиев Б.Ҷ., Самадзода Ф.Ҳ., Гулсумбии М., Халилова У.О кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон як нафар устоди кафедра узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмӣ мебошад: дотсент Ашуров М.Н. дар маҷаллаи илмии «Образование и наука в России и за рубежом».